ТАКМИЛИ ТАЪЛИМИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

 Аз татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», омода намудани омӯзгорони фанни забонҳои русию англисӣ ва имтиёзҳо барои омӯзгорони ин фанҳо, низоми таълим дар муассисаҳо то забондон гардидани хонандагон дар мусоҳибаи навбатӣ бо муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода
Рушду пешрафти бавусъати илму технология ва раванди ҷаҳонишавӣ тақозо мекунад, ки наврасону ҷавонон техникаву технологияи муосирро хуб донанд ва бо забонҳои хориҷӣ озод суҳбат кунанд. Донистани техникаву технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, маълумоти муфиди фаровонро ба даст оранд, донишу ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд, аз ҷониби дигар, дастовардҳои кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд ва дар пешрафти устувори иқтисодиёти миллӣ саҳми муносиб гузоранд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста наврасону ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, русию англисӣ ҳидоят мекунанд. Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023) бори дигар ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд: «Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад». Вобаста ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ, омода намудани омӯзгорон, таҳияи стандарту барномаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар суҳбат кардем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
– Устоди муҳтарам, вазъи таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисиро дар муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвар «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амал мекунад, ки рафти татбиқи он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пайваста зери назорат қарор дорад. Ҷиҳати татбиқи он, пеш аз ҳама, Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм иборат аз 35 банд таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Дар доираи татбиқи барномаи мазкур таълими забони русӣ аз синфи 2 ва таълими забони англисӣ аз синфи 3 оғоз гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар асоси дархости падару модарон ва густариши муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва хориҷи дур барои таълими ин забонҳо аз синфи 1 иҷозат дода шудааст. Дар баробари ин, таълими забонҳои мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ густариш ёфтааст. Бо дарназардошти талаботи Стратегияи миллии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки гузариш ба низоми нави таҳсилот (таҳсилоти 10-солаи асосӣ ва 12-солаи миёнаи умумӣ) бо қабули хонандагон ба синфи як аз 6-солагӣ пешбинӣ гардидааст, зарурати пурра таҷдиди назар намудани стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ, барномаву нақшаҳои таълимӣ дар назар дошта шудааст ва дар ин замина зиёд намудани соатҳои таълими фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар мадди назар қарор дорад. Илова ба ин, дар қисмати иловагии нақшаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 4 то 8 соат пешбинӣ гардида, қисми зиёди онҳо ба тақвияти таълими забонҳои русӣ ва англисӣ истифода карда мешаванд.
Тибқи нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки соли 2021 аз тарафи вазири маориф ва илм ба тасвиб расонида шудаанд, дар бахши фанҳои гуманитарӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ 5-кредитӣ (120-соатӣ) ҷудо карда шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бошад, дар бахши фанҳои заминавӣ барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ 6-кредитӣ (144-соатӣ) дар семестри якум ва дуюм ҷудо гардидааст, ки омӯзиши он барои донишҷӯёни ҳамаи равияҳои ихтисосҳо ҳатмӣ мебошад. Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар баробари забони давлатӣ дарсҳоро бо забони русӣ ва англисӣ ба роҳ монад.
– Мусаллам аст, ки омӯзгорони забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ омода карда мешаванд ва дар ин муассисаҳо имконоту шароит ва ҷараёни таълиму тадрис ба таври назаррас ба роҳ монда шудааст. Раванди омода намудани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Воқеан, омода намудани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки дар 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва дар 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои забонҳои русӣ ва англисӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
Агар ба маълумоти оморӣ назар андозем, дар муддати 3 сол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро 1062 нафар донишҷӯ аз рӯйи ихтисоси забони русӣ ва 1140 нафар аз рӯйи ихтисоси забони англисӣ хатм намуданд. Ҳамзамон, дар ин муддат муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро 7112 нафар бо ихтисоси омӯзгори забонҳои русӣ ва англисӣ хатм карданд.
Дар баробари ин, бо мақсади ба роҳ мондани таълими дигар фанҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбие, ки имкони таъсиси гурӯҳҳои таълимашон бо забонҳои русию англисиро доранд, гурӯҳҳои алоҳидаи таълимӣ таъсис дода шудаанд.
Инчунин, моҳи декабри соли сипаришуда бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор гардид.
– Маълум аст, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон дар меҳвари фаъолияти Вазорати маориф ва илм қарор дорад ва баҳри ҷалби онҳо ба таълиму тарбияи наврасон имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Оё муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, махсусан, омӯзгорони забонҳои русию англисӣ таъминанд?
– Ҳамасола дар асоси пешниҳоди сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти кадрҳои соҳаи маориф ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда мешавад. Тибқи дархости пешниҳодшуда муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дар се соли охир ба 9836 нафар кадри омӯзгорӣ эҳтиёҷот доштаанд, ки аз ин шумора аз фанҳои забони русӣ 1041 нафар ва забони англисӣ 1148 нафар мебошанд. Дар ин робита, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм 12124 нафар мутахассиси ҷавон (равияи омӯзгорӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба кор фиристода шуданд, ки аз ин теъдод мутахассисони фанҳои забони русӣ 1110 нафар ва забони англисӣ 1625 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 03.05.2006, №197) «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ҳарчанд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 128 нафар мутахассиси ҷавон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтани хонаи истиқоматӣ, 9 нафар бо қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ ва 315 нафар бо қарзи имтиёзнок таъмин карда шудаанд, ин ҳанӯз ҳам кам аст. Инчунин, дар лоиҳаи Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф дар соли 2024 дар ҳаҷми 10% ба сарбории омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ иловапулӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар умум, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 9214 нафар омӯзгори забони русӣ ва 8006 нафар омӯзгори забони англисӣ фаъолият менамоянд. Дар баробари ин, 197 нафар омӯзгоре, ки аз Федератсияи Россия даъват шудаанд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд.
Инчунин, дар муассисаҳои буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Турсунзода 325 нафар омӯзгор кор мекунанд, ки 62 нафари онҳо аз Федератсияи Россия ва 263 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
– Бо рушду пешафти технологияи муосир роҳҳои муассири омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба вуҷуд омадааст, ки ин омил тақозо мекунад, ки омӯзгорон мунтазам биомӯзанд ва аз техникаву технологияи муосир самаранок истифода кунанд. Ба ин маънӣ, яке аз масъалаҳои муҳим аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт кадом корҳои назаррас анҷом дода шудаанд?
– Аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон ва ба бозомӯзӣ ҷалб намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон маҳз дар курсҳои такмили ихтисос аз навгониҳои таълим огоҳ мегарданд, шеваҳои тозаи тадрисро азхуд мекунанд, донишу ҷаҳонбинии хешро такмил мебахшанд, ки ин омилҳо ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунанд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар се сол як маротиба аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон дастур доданд. Вобаста ба ин масъала, санадҳои дахлдор омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Дар сохтори Вазорати маориф ва илм Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо филиалҳои он фаъолият менамоянд, ки дар ин муассисаҳо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ мунтазам аз курсҳои такмили маҳорати касбӣ мегузаранд. Аз ҷумла, соли 2023 дар донишкада ва филиалҳои он 48 курси такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ бо фарогирии 1267 нафар, 40 курси такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ бо фарогирии 998 нафар ва 40 семинари махсус бо фарогирии 1015 нафар шунавандаи забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор шуд. Дар баробари ин, дар ин муддат дар асоси «Ёддошти тафоҳум» байни донишкада ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ таҳсилкунандаи ҷумҳурӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ ва Турсунзода 9 курси такмили ихтисос бо иштироки 284 нафар омӯзгор доир гардид.
– Аз омӯзишу таҳлил ва таҷрибаи дигар кишварҳо мушаххас гардид, ки бознигарии стандартҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот аз забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои замон буда, роҳандозии тадрис бо дарназардошти омӯзиш тавассути матнҳо, нутқи шифоҳӣ, хондан ва навиштан натиҷабахш мебошад. Ба ин мазмун, дар кишвар чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
– Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ раванди бознигарии стандартҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот аз забонҳои русӣ ва англисӣ бо дарназардошти таълим тавассути матнҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ – шунидан, нутқи шифоҳӣ, хондан ва навиштан сурат мегирад, ки дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст:
— мақсад ва вазифаҳои таълимӣ бознигарӣ ва коркард гардиданд;
— стандартҳои забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳамзамон, барномаи ин фанҳо барои синфҳои ибтидоӣ комилан таҷдиди назар шуданд;
— бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ дар стандартҳои фаннӣ дар самти шунидан, нутқи шифоҳӣ, хондан ва навиштан пешниҳодҳои судманд ворид карда шуд, ки ба омӯзиши ин забонҳо барои хонанда ва таълим барои омӯзгорро осон намуд;
— салоҳиятҳои ташаккулдиҳанда таҳия гардида, пайдарпайии ҳар як салоҳият дар стандарт инъикос карда шуд. Ин пайдарпайӣ ба хусусиятҳои миқдории малакаҳо ва тавсифи ҳаҷми матни даркшуда асос ёфтааст;
— салоҳиятҳое, ки дар стандарт ворид карда шудааст, ба рушди зеҳнӣ ва нутқи хонандагони хурдсол мусоидат намуда, марҳалаҳо ва мураккабии ташаккули салоҳияти коммуникатсионӣ ба назар гирифта шудааст;
— дар стандарт намунаҳои супоришҳои ба ташаккули салоҳиятнокӣ равонашуда ва аз ҷиҳати методӣ ба мақсад мувофиқ будани онҳо мухтасар номбар карда шудааст.
Вобаста ба Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷавобгӯ набудани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва дар самти таҷдиди назар намудани мазмуну мундариҷаи стандарт, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва ба талаботи стандартҳои муосир, ниёзу дархости хонандаю ҷомеа мутобиқ ва мувофиқ намудани онҳо китобҳои дарсии забони англисӣ аз синфи 3 то 11 пурра таҳлилу арзёбӣ карда шуд.
Инчунин, барои доираи васеи хонандагон луғати 400 калимаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ-русӣ-англисӣ омода ва дастраси хонандагону омӯзгорон гардид. Ҳамзамон, «Муҳовараи тоҷикӣ – англисӣ» бо 101 саволу ҷавоб дар ҳаҷми 52 саҳифа дар нашриёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба табъ расид.
– Яке аз роҳҳои такмил бахшидани забондонӣ табодули таҷриба дар кишварҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад. Дар ин самт, барои тақвияти забондонӣ ва сайқал ёфтани донишҳо миёни кишварҳои узви ИДМ ва давлатҳои хориҷӣ табодули омӯзгорону донишҷӯён сурат мегирифт. Ин таҷриба ҳоло чӣ гуна амалӣ мегардад?
– Яке аз самтҳои дигари фаъолияти вазорат муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар самти табодули донишҷӯёну омӯзгорон, гузаронидани чорабиниҳои муштарак дар соҳаҳои маорифу илм ҷиҳати омӯзиш ва ба роҳ мондани роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф мебошад.
Ҳамасола дар доираи ҳам­кориҳои дуҷониба табодули омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Точикис­тон ба муҳлати як моҳ, ду моҳ, се моҳ, як семестр ва солона ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар сурат мегирад. Табодули донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи барнома ва лоиҳаҳои байналмилалии хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст. Яъне, устодон ва коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи бар­номаҳои байналмилалӣ-минтақавӣ (Erasmus+, gSmart, UNIWORK, INTER­ASIA, gSmart – Spatial ICT Infrastructures for Smart Places) дар конфронс, симпозиум ва семинарҳои таълимию методӣ, ки берун аз кишвар аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд, иштирок менамоянд.
– Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки гӯё хонанда давоми 11 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, сипас ҳамчун донишҷӯ давоми 4-5 сол дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ забонҳои хориҷиро меомӯзад, вале наметавонад дар сатҳи муошират бо забонҳои русӣ ва англисӣ суҳбат намояд. Дар ин масъала чӣ андеша доред?
— Дар маҷмуъ, наметавон ба ин андеша розӣ шуд, зеро имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар зери роҳнамоию таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм тамоми шароити мусоид ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин, хонандаю донишҷӯро зарур аст, ки дар мадди аввал барои азхуд намудани ин ё он забони хориҷӣ бо шавқу рағбат ва омӯзиши амиқ ҳамвора талош кунад. Иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегарданд, аз густариши омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар кишвар шаҳодат медиҳанд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои забони русӣ ва забон ва адабиёти рус барои синфҳои 5-11 дар соли 2023 аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1059 нафар хонанда иштирок намуда, сазовори 426 ҷойи ифтихорӣ (14 медали тилло, 74 медали нуқра, 338 медали биринҷӣ) гардиданд. Ҳамзамон, соли 2023 даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фанни забони англисӣ барои синфҳои 5-11 ва олимпиадаи Spelling Bee бо иштироки 1111 нафар хонандаи фаъол аз муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сурат гирифт, ки хонандагон сазовори 604 ҷойи ифтихорӣ (41 медали тилло, 163 медали нуқра ва 400 медали биринҷӣ) шуданд. Ин рақамҳо аз он далолат мекунанд, ки дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
– Ташаккур барои суҳбат.
– Саломат бошед.
Мусоҳиб Эҳсон САФАРЗОДА,
«Омӯзгор»